Самопознание

человеческий потенциал безграничен


  • Безымянный 71977

  • Люди как вырастить кристалл? ! с помощью простой повареной соли

  • Паём аз Боми Ҷаҳон
    /The Message from the Roof of the World/

    ДУШАНБЕ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушд ва тавсеаи муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд. Равобит бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат маҳсуб меёбад.
    Сафарҳои расмии Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо моҳи феврали соли 2009, майл ва рағбати Тоҷикистонро ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамёрӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо собит сохтанд.
    Зимни боздид, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон як силсила лоиҳаҳои авлавиятноки аҳамияти минтақавидоштаро ба роҳбарияти Комиссияи Аврупо ирсол намуданд. Изҳори умедворӣ менамоем, ки пас аз баррасӣ ва омӯзиши амиқи лоиҳаҳо, Комиссияи Аврупо қарори мусбат қабул хоҳад кард.
    Тоҷикистон бар он аст, ки татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат намуда, боиси рушд ва такомули муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳои ин минтақа хоҳад гардид. Стратегияи мазкур тамоюл ва самтҳои муҳими ҳамкорӣ байни мамолики Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро фаро мегирад.
    Дар партави ҳамкориҳои дуҷониба, муносибати байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар асоси Созишномаи Шарикӣ ва Ҳамкорӣ, ки охири соли 2004 ба имзо расида буд, танзим мешавад. Илова бар ин, Созишнома имкони густариши бештари муносибатҳои дуҷониба ва афзун гардонидани нуфузи Иттиҳоди Аврупоро дар Тоҷикистон фароҳам меорад, зеро он уфуқҳои муколамаи сиёсии густурда ва ҳамкориро муаяйн сохта, ба инкишофи равобити тиҷоратии мутақобила ва сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
    Он, ҳамзамон чаҳорчӯби амалиётҳои муштарак ва мақсадноки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳои калидии ислоҳот таъмин менамояд.
    Мулоқоти аввалини Шӯрои Ҳамкорӣ рӯзи 13 декабри соли 2010 дар ш.Брюссел баргузор гардид, ки он барои таҳқиқ ва шарҳи вазъи кунунии ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистон имконоти мусоид фароҳам овард.
    Ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тайи солҳои охир ба таври муназзам густариш меёбанд. Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо равобити зич дошта, ҳамкории худро дар масири мусоидат ба раванди гузариши иқтисодиёт, рушди устувори нерӯи инсонӣ ва иқтисодӣ пиёда месозад.
    Тоҷикистон дар истифодаи комили иқтидори ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ҷалби сармояҳои аврупоӣ ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, алалхусус гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ манфиатдор мебошад.
    Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тамоюл ва соҳаҳои муҳими иртиботро дарбар мегиранд, аз ҷумла раванди демократикунонӣ, волоияти қонун, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, нақлиёт ва энергетика, алалхусус нерӯи барқароршаванда, истифодаи захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҷонибдории Тоҷикистон ҷиҳати шомил шудан ба Созмони Ҷаҳонии Савдо.
    Ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бояд ба сатҳи сифатан нави робитаҳои сиёсӣ бароварда шавад.
    Инчунин, як зумра ниҳодҳои Аврупо дар ҳошияи барномаҳои минтақавӣ ба Тоҷикистон дар самтҳои мудирияти сарҳадот ва мубориза алайҳи маводи мухаддир (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити зист, ҳуқуқҳои инсон ва демократия (Ниҳоди Аврупоӣ оид ба Демократия ва Ҳуқуқҳои Инсон/EIDHR), ниҳодҳои ғайридавлатӣ (NSA), рушди соҳибкории хурд ва миёна (CA-Invest) ва омодагӣ ба пешгирии офатҳои табии (Барномаи коҳиши хатари офатҳои табии Дафтари Комиссияи Аврупо оид ба Ёриҳои Башардӯстона/DIPECHO) кӯмак менамоянд.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Созишномаи ҳошиявии ҳамкориро бо Бонки Сармоягузории Аврупо имзо намуд. Изҳори умедворӣ менамоем, ки пас аз ба эътибор омадани он (1 декабри соли 2009), Бонки Сармоягузории Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши гидроэнергетика, фаъолона иштирок хоҳад кард.
    Барномаи таҷдиди нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроққум намунаи возеҳи ин гуна ҳамкориҳост. Интизор меравад, ки он лоиҳа аз ҷониби Бонки Сармоягузории Аврупо дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Комиссияи Аврупо соли 2010 мавриди татбиқ қарор гирад.
    Аз рӯзи қабул гардидани Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамёрии нав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2007, муносибатҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар як қатор соҳаҳо густариш ёфтанд. Яке аз чунин самтҳо бахши ҳуқуқи инсон мебошад, ки Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзӯъ моҳи октябри соли 2008 ба муколамаи мунтазам шурӯъ намуданд.
    Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон барои муҳокимаи масъалаҳои манфиати мутақобила ва ҳамкорӣ дар бахши ҳуқуқҳои инсон саҳнаи мусоидеро фароҳам меорад.
    Бинобар ин, таъмини амнияти энергетикӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ вазифаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Ба ин мақсад, кӯмак ва мусоидати Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати асосноккунии техникӣ-иқтисодии (ТЭО) лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон хеле бамаврид хоҳад буд.
    Аз ҳаҷми умумии 115 км. мукааб оби ҳавзаи Баҳри Арал, 64 км. мукааби он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид меёбад. Илова бар ин, Тоҷикистон дорои нерӯи бузурги истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи захираҳои умумӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-ум ва аз ҷиҳати иқтидори хос ҷойи 2-юмро ишғол мекунад.
    Иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвар ба 527 миллиард кВт/с дар як сол баробар аст.
    Табиати беназир, кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои дилпазири нотакрор, Тоҷикистонро ба мисли Швейтсарияи Осиёи Марказӣ шабеҳ мекунанд. Табиати зинда, баландкӯҳҳо, чашмаҳои оби мусаффо ва иншоотҳои куҳани таърихӣ диққати сайёҳони сершуморро ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд.
    Мо мутмаинем, ки имрӯз, ҷоннок гардонидани фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баҳри ҳалли масъалаҳои марбут ба раванди таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа, тақозои рӯз гаштааст.
    Танҳо бо муттаҳид сохтани талошҳои муштараки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа, мо метавонем мушкилот ва чолишҳоеро, ки имрӯз ҳукумат ва мардумони мо дучор шудаанд, рафъ намоем.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ, барои ҳамкории муассир ва созанда чӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва чӣ бо дигар кишварҳои олам, омода аст.

























  • Безымянный 71977

  • Люди как вырастить кристалл? ! с помощью простой повареной соли






  • Последние новости


    Дружба

    Все жизненные проблемы приносят с собой золотые самородки мудрости, обнаружить которые помогает истинная дружба. Вы замечали, что есть люди, которые дают вам силы, поднимают настроение и вызывают желание находиться рядом? И те, кто стремится вытянуть из вас энергию, надоедает вам и делает все так, что хочется сбежать. Нас подде...
    Читать далее »

    Советы, способствующие успеху

    ВЫЯВЛЕНИЕ ЦЕННОСТЕЙ Правильный выбор – Это результат жизни в соответствии со своими высшими ценностями, то есть путь к лучшей жизни. ЖИЗНЕННАЯ ЦЕЛЬ Лучшие люди выбирают цель, которая затрагивает лучшие струны в других. МИССИЯ Жизнь нельзя прожить дважды. Теперь или никогда, поэто...
    Читать далее »

    Утренние вопросы

    Если бы мне осталось жить всего месяц, что бы я делал из того, что делаю сегодня? Что я сделаю сегодня, чтобы почувствовать себя счастливым? Какие прекрасные воспоминания останутся у меня в памяти сегодня? Какие убеждения сделали мою жизнь такой, какая она есть? Во что нужно поверить, чтобы прожить удивительную жизнь? ...
    Читать далее »

    И еще несколько вопросов

    Знать мысли Бога – все равно что знать, как преуспеть в жизни. Глубоко поразмыслив над вопросами этой книги и записав свои ответы в дневник, вы развили в себе привычку анализировать. Поздравляю! Это важнейший навык успешной жизни. Способность к самоанализу и постановке правильных вопросов наряду с пониманием того, как использовать интуицию и природную мудрость, изменит нап...
    Читать далее »

    Путешествия

    Поставьте перед собой цель жить полноценно. Самый печальный итог – оглянуться назад и вопрошать, что можно было бы иметь, если бы… Дорожите своими заветными мечтами, воплощая их в жизнь. Ах, путешествия… Большинство из нас любят путешествовать и страстно стремятся к этому. Мы тоскуем по приключениям в реальной жизни. Хотим посетить удаленные места, узнать культуры, не...
    Читать далее »

    Счастье

    Там, где жизнь бьет ключом, где оживленно и весело, там и ищите свое счастье. Моя шестилетняя внучка Элла однажды зашла в мой офис и уселась в кресло. Она давно слышала, что я занимаюсь коучингом, поэтому я спросил ее: «Не хочешь побыть сегодня тренером и немного поучить других?» Малышка посмотрела на меня, выпрямилась в кресле, и я понял: она готова. Элла спросила: – О ч...
    Читать далее »

    Взаимоотношения

    Любовь Магия Бога выражается через любовь; наивысшая форма любви – бескорыстная помощь другим. Вы когда нибудь смотрели в глаза новорожденного и ощущали восторг, который ребенок приносит в этот мир? Большинство из нас чувствуют исходящую от детей любовь. Мы являемся в мир с любовью и открытым сердцем. С самого детства мы отдаем свою любовь этому миру. Из л...
    Читать далее »

    Ваш комментарий:


    Вы должны войти в систему, чтобы оставить комментарий.